Дилфуза Ҳоҷиева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон гардид

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Дилфуза Ҳоҷиева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон гардид.

Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  Дилфуза Ҳоҷиева донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.

Озмуни мазкур 22-23 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин  Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» гузаронида мешавад.

Тибқи низомонома, даври аввали озмун дар сатҳи маҳал миёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида, ғолибони даври аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳайати комиссияи озмун аз рӯи шартҳои худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо), санҷиши дониши тахассусӣ, сатҳи забондонӣ, навиштани кори хаттӣ вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон маҳорату малака ва дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ду рӯз идома ёфта, баъд аз ҷамъбасти он ғолибон  бо Ҷоми ифтихорӣ ва стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи як соли хониш сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: