«Deutsche Botschaft» дар Душанбе 14-умин Фестивали театриро бо забони олмонӣ доир кард

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар барномаи фарҳангии «14-умин Фестивали театрӣ бо забони олмонӣ», ки дар Душанбе доир шуд, ширкат намуданд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Фестивали мазкур аз ҷониби ташкилотҳои хориҷии «DAAD», «SLZ», «ZFA» ва «Deutsche Botschaft» баргузор гардида, дар он аз тамоми муассисаҳои ҷумҳурӣ донишҷӯён иштирок намуданд.
Донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ дар ду гурӯҳ ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби сертификат гаштанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: