Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 (U-17) дастаи Қирғизистонро мағлуб намуд

Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023) (U-17), ки дар Ҳисор ҷараён дорад, дуюмин пирӯзиашро ба даст овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар даври сеюм наврасони мо дар як бозии душвор ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд.

Дар бозии дигар дастаи Афғонистон аз дастаи Эрон қавитар баромад – 2:1.

Даври 4

25 август (ҷумъа)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

27 август (якшанбе)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Tags: