Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2019 (U-19) роҳхат гирифт

Дар бозии калидии охирини гурӯҳи «Д»  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Австралия шаби гузашта дар варзишгоҳи байналмилалии Баҳрайн қувва озмуда, вохӯриро бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст кард ва ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19-сола роҳхат гирифт. Акнун футболбозони мо дар идомаи ин бозиҳо дар қувваозмоии чорякниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Ҷопон вориди майдон мешаванд

Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Австралия ба футболбозони мо натиҷаи мусовӣ кофӣ буд ва аз ин рӯ сармураббии даста Виталий Левченко тарҳи бозии аз муҳофизат ба ҳуҷумро ихтиёр карда, ба мақсад расид. Бозӣ ниҳоят тезутунд ва бо бартарии футболбозони Австралия гузашт. Дар дақиқаи 5-уми рақобат довари вохӯрӣ Хамис Муҳаммад Алмарии қатарӣ ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарбаи ҷаримавии 11-метраи шубҳаомезро таъйин кард ва дарвозабони тими кишварамон Беҳрӯз Хайриев бо маҳорати олӣ зарбаи задаи Антони Каликро баргардонд. Бешубҳа, Беҳрӯз беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ буд, ки аз оғоз то ба анҷом бе иштибоҳ ҳунарнамоӣ карда,  вазъиятҳои ниҳоят мураккабро пушти сар гузошт.

Дар мавриди дигар дар дақиқаи 23-юм дар майдони назди дарвозаи австралиягиҳо баъди зарбаи Муҳаммадҷони Ҳасан тӯб ба дасти бозингари дастаи мунтахаби Австралия бархӯрд, аммо довар ба он таваҷҷуҳ  зоҳир накард, ҳол он ки барои чунин ҳолат ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷазои 11-метра таъйин карда буд.

Масъулият ва шиддати бозӣ он қадар баланд буд, ки сармураббии дастаи мунтахаби Австралия худро идора карда натавонист ва довар ӯро аз нишастгоҳи мураббиён ронда, ба нишастгоҳи мухлисон фиристод. Дар дақиқаи 80-ум баъди дағал бозӣ кардан Антони Калик корти дуюми зард гирифт, ки он ба корти сурх табдил ёфт ва Калик майдонро тарк кард. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳар ду даста имкон доштанд ҳисобро кушоянд, бозӣ бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расид. Арзиши ин мусовӣ барои футболбозини мо ба ғалаба баробар буд.

Ба ҳамин тартиб, бори аввал дар таърихи бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё( U-19) дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар бозии дуюми гурӯҳи «Д»  дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо дастаи мунтахаби Чин бозиашро мусовӣ (0:0) анҷом дод.

Аҷиб он аст, ки ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонон се дастае, ки дар шаҳри Душанбе дар бозиҳои гурӯҳӣ ширкат карда буданд-  Ироқ, Баҳрайн ва Тоҷикистон соҳиби роҳхат шуданд.

Акнун дастаи мунтахаби кишварамон рӯзи 24-уми октябр бо ғолиби гурӯҳи «С»- дастаи мунтахаби Ҷопон дар соати 18:30 вақти Душанбе қувва меозмояд. Ҷуфти бозиҳои чорякниҳоӣ чунин аст:

Баҳрайн — Ветнам
Ироқ — Арабистони Саудӣ
Ӯзбекистон — Эрон

Tags: