Дастаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ бо дастаҳои Кувайт ва Эрон бозӣ мекунад

Ҳарифони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки аз 2 то 8 феврал дар Тайланд баргузор мешавад, муайян гардиданд. Дар асоси қуръакашии мусобиқа  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаи Кувайт (3 феврал) ва Эрон (4 феврал) бозӣ мекунад. Гурӯҳи «А»  аз дастаи Тайланд, Туркманистон ва Малайзия таркиб ёфтааст. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба нимфинал роҳ меёбанд. Сипас, бозии финалӣ ва бозӣ барои ҷои сеюм доир мегарданд.

Мусобиқаи мазкур  як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 аст, ки аз 26 феврал то 8 март дар Ашқобод мегузарад. Дар Чемпионати Осиё оид ба футзал дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон вохӯрда, 5 дастаи беҳтарини Осиё ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал роҳхат мегиранд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва доир мегардад.

«SAT International Futsal Championship 2020»
Гурӯҳи «А»: Тайланд, Туркманистон, Малайзия.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Тоҷикистон, Кувайт.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум. 2 феврал (якшанбе)

14:30 – Эрон – Кувайт
17:00 – Тайланд – Малайзия

Даври 2-юм. 3 феврал (душанбе)

14:30 – Кувайт – Тоҷикистон
17:00 – Малайзия – Туркманистон

Даври 3-юм. 4 феврал (сешанбе)
14:30 – Тоҷикистон – Эрон
17:00 – Туркманистон – Тайланд

Нимфинал. 6 феврал (панҷшанбе)
14:00 – 1 «А» – 2 «В»
17:00 – 1 «В» – 2 «А»

8 феврал (шанбе)
14:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм
17:00 – Финал

Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

АМИТ «Ховар»

Tags: