Дар Ёқутистон калонтарин танӯраи яхбандии абадии ҷаҳон ба обшавии босуръат шуруъ намуд

 Аз сабаби гармшавии глобалӣ хамии Батагай (Ёқутистони Русия), бузургтарин танӯраи яхбандии абадии ҷаҳон ба обшавии босуръат шуруъ намуд.  

Хамии Батагай (Батагайка) бо дарозии 1 км ва чуқурии то 100 метр- чуқурии термокарстӣ дар минтақаи қаторкӯҳи Черский дар ноҳияи Верхояни Ёқутистон ҷойгир мебошад. Сокинони маҳаллӣ онро «даромадгоҳи олами зеризаминӣ» меноманд. Институти масъалаҳои физикӣ, химиявӣ ва биологии хокшиносии Маркази илмии ба номи Пушинскийи Академияи илмҳои Русия изҳор намуд, ки танӯра нуқтаи нодири табиие аст, ки таърихи заминро дар яхбандии абадии зиёда аз ним миллион сол нишон медиҳад.

Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки дар ҷараёни обшавӣ чуқурӣ васеъ гардида, ба сангҳо мерасад ва бо мурури замон ин минтақаро дубора ҷангал пахш хоҳад намуд. Аммо хатар дар он аст, ки бо чунин фурӯравии бузурги замин миқдори зиёди газҳои гулхонаии дар хок нигоҳ дошташуда ба фазо партофта мешаванд, ки минбаъд ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд.

Tags: