Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Рӯзи забони давлатиро таҷлил карданд

Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста — оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муоширати байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим, пеш аз ҳама, бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардиданд. Ин суханонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод зимни ҷамъомади тантанавӣ, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, иброз намуд.
Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён доир ба паҳлӯҳои таърихию илмии асари арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -«Забони миллат – ҳастии миллат» ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки асари мазкур на танҳо барои тоҷикон, балки тамоми форсизабонони дунё хизмати бузург хоҳад кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод низ дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ва тоза нигаҳ доштани он андешаҳояшонро баён намуда, ашъори тозаэҷодашонро дар васфи забони модарию Ватан ва ҷавонон пешкаши ҳозирин намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: