Дар Тошканд намоишгоҳи байналмилалии «CAITME 2017» доир мегардад

11-умин намоишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳти унвони  «Технология ва таҷҳизоти нассоҷӣ-  «CAITME 2017» аз 13 то 15 сентябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ  ширкату корхонаҳои  нассоҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуда, дастовардҳои худро ба маърази намоиш  гузоранд.  Намоишгоҳи мазкур ҳамасола гузаронида шуда, ҳадафаш  рушди саноати нассоҷӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни  ширкату корхонаҳои нассоҷии минтақа ва роҳандозии таҷҳизоту технологияҳои муосири нассоҷӣ дар истеҳсолот мебошад.

АМИТ "Ховар"

Tags: