Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд

Имрӯз соати 13:27ба вақти маҳаллӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.

Тавре аз маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маркази заминҷунбӣ дар километри 16 ҷанубу шарқи Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 3 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.

«Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст», — зикр намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: