Дар Таллин дар ҳамоиши махсус натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе муаррифӣ гардиданд

ТВТ. 30.06.2022. 28-30 июн дар шаҳри Таллин ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Гурӯҳи корӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баҳшида ба 30-солагии  Конвенсияи об баргузор гардид, ки дар он Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов иштирок намуд.

Дар доираи ин ҳамоиш Ҷамшед Ҳомидов ба ширкаткунандагон натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки Конфронси оби Душанбе чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси СММ (соли 2023 дар ш. Ню-Йорк таҳти  раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд) ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он дар мусоидат ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор марбут ба об, инчунин муҳокимаи чораҳои минбаъда оид ба татбиқи Нақшаи Даҳсолаи амал дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: