Дар Суғд бори аввал Ҳафтаи илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон ҷараён дорад

Бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз 26 то 31 октябри соли равон дар вилояти Суғд бори аввал Ҳафтаи​ илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон гузаронида мешавад.

Масъулини Маркази таҳсилоти иловагии вилоят иброз доштанд, ки дар доираи Ҳафтаи​ илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон​ ташкили озмунҳои вилоятии «Беҳтарин кори илмӣ-таҳқиқотӣ аз фанҳои дақиқ», ​ «Тирамоҳи заррин», «54-умин Олимпиадаи техникони наврас», «Олимпиадаи робототехника ва барномасозӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нави лаёқатманд ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари кӯдакон ва наврасон ба рушди фанҳои дақиқ мебошад.

Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ баргузории силсиламулоқот​ ва конференсияи илмӣ дар мавзӯи​ «Рушди фанҳои дақиқ — тақозои замон» дар назар аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: