Дар Суғд барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира шудааст

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» дар вилояти Суғд як зумра корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд,  ҳоло дар миқёси вилоят 672 нуқтаи фурӯши ангишт фаъолият доранд, ки то 1 октябри соли 2017 дар ин нуқтаҳо 34 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад. Шумораи нуқтаҳои фурӯши гази моеъ 343 адад буда, захираи он 2000 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ миқдори зарурии ангишт захира карда шудааст. Нақшаи захираи ангишт барои соҳаи маориф 12 253 тонна буда, то 10 октябри соли 2017 ба миқдори 12394,5 тонна захира гардидааст. Ин 101,2 фоизро ташкил медиҳад.

Нақшаи захираи ангишт барои соҳаи тандурустӣ 3513 тонна буда, то  10 октябри соли 2017 ба миқдори 3583 тонна захира гардидааст, ки 102 фоизро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: