Дар шаҳри Турсунзода асарҳои тасвирӣ ва ҳунари тарроҳони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ намоиш дода шуданд

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар осорхона ва китобхонаи ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Турсунзода Намоиши асарҳои рассомию тарроҳӣ ва ҳунарҳои миллии омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» баргузор гардид. Дар намоиш зиёда аз 70 асари омӯзгорону донишҷӯён, аз ҷумла санъати тасвирию наққошӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар чӯб, бофандагии бадеӣ, кулолгарӣ, тарроҳии либосҳои миллӣ аз диди аврупоӣ дар риштаи дизайн-мӯд ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхона ва китобхонаи шаҳри Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва шахсони масъул ширкат доштанд.

Директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонов зикр намуд, ки муассисаи мазкур тайи 82 соли фаъолият бо баргузории чунин намоишҳо санъат ва фарҳанги тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Мақсади баргузории намоиш- шиносо намудани насли ҷавон бо фаъолияти Коллеҷ ва ба ин восита ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба санъат ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки баргузории чунин намоишҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстиву ватанпарварии мардуми тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов аз соли 1936 инҷониб фаъолият намуда, зиёда аз 4800 нафар кадрҳои баландихтисосро омода намудааст. Ин боргоҳи маърифат аз рӯи 11 ихтиссос рассомон, тарроҳон, заргарон, кулолгарон, кандакорону қолинбофонро омода менамояд.

АМИТ «Ховар»