Дар шаҳри Норак озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор гардид

Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» 10 феврал дар Китобхонаи марказии «Дӯстии халкҳо»-и шаҳри Норак баргузор гардид.
Ӯ зикр кард, ки озмуни мазкур бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар сатҳи баланд доир гардида, дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр Шаҳло Ҳасанзода, кормандони бахши фарҳанг, занони собиқадор, шуроҳои занони корхонаю муассисаҳо, фаъолзанони ҷамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дуконӣ ва минтакаҳои манзилии шаҳр иштирок намуданд.
Иштирокчиёни озмун ҳунари кадбонугӣ, таомҳои миллии қадима ва замонавӣ, намоиши хӯришҳо, намоиши маҳсулоти нонии омоданамудаи хешро манзури ҳакамон ва тамошобинон намуданд.
Ба иттилои манбаъ, озмун бо фарогирии занону духтарони шаҳр баргузор гардид. Мақсад аз баргузори чунин озмунҳо густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуи беҳтарин аз қабили донандагон ва пазандагони таомҳои қадима ва замонавӣ ва ба ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани ҳунармандии кадбонуи беҳтарин, ҷалбӣ дуҳтарон ба ҳунарҳои пазандагӣ, дарёфти таомҳои миллӣ ва ғайра мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: