Дар шаҳри Кӯлоб шумораи корхонаҳои парандапарварӣ зиёд мешавад

Дар шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ дар корхонаи парандапарварии ҶДММ «Исмоилиёни Бурҳон» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша дар ин корхона  танҳо   мурғи гӯштӣ парвариш  мешавад.

 Тавре таъкид мешавад,  баъди ба истифода додани корхона дар марҳилаи аввал имкони парвариши аз 60 то 80 ҳазор сар мурғ мавҷуд аст. Дар айни замон дар биноҳои асосӣ таъмир пурра ба анҷом расида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва насб гардидаанд. Ҳамзамон корҳои тармим, сарсабз намудани атроф ва мумфарш гардонидани ҳавлии корхона идома доранд.

Бояд таъкид намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Саман» фаъолият дорад, ки дар он дар як шабонарӯз бештар аз 30 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Дар айни замон барои афзоиш додани саршумори мурғҳои тухмӣ чӯҷаҳои махсус парвариш ёфта истодаанд. Роҳбарони корхона ният доранд, ки истеҳсоли тухмро дар як шабонарӯз то ба 50 ҳазор дона расонанд.

Корхонаи мазкур пурра ба шароити имрӯза мутобиқ буда, таҷҳизот ба таври автоматӣ фаъолият менамоянд. Дар корхона 23 нафар фаъолият намуда, маоши миёнаи кормандон 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Tags: