Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирии Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳр ба муносибати Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ҳамоиш ҷавонон аз назди Муҷтамаи 2700- солагӣ то Майдони парчам роҳпаймоӣ карданд.
Муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова изҳор дошт, ки ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат дар баргузории барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ иштироки фаъолона намуда, дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Аз ҷумла, соли 2016 ҷавонони Кӯлоб дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Дар ин давра варзишгарон соҳиби 231 медал, аз ҷумла 83 медали тилло гардида, нуфузи варзишии шаҳри Кӯлобро баланд бардоштанд.
Кенҷамоҳ Маҷидова илова намуд, ки имрӯз шумораи майдонча ва толорҳои варзишӣ дар шаҳр хеле зиёд гардида, ба 220 адад расидааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: