Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА, Чин ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қарор дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, дар ҳошияи иҷлосияи мазкур С. Муҳриддин бо як зумра намояндагони ниҳодҳои гуногуни СММ ва дигар давлатҳо мулоқот намуда, масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ кард. Аз ҷумла, 24 сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Эллис Уэллс мулоқот намуда, масоили дуҷониба ва таҳкими ҳамкорӣ дар доираи сиғаи С5+1-ро мавриди муҳокима қарор додааст.

«Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба вазъи амнияти минтақавӣ ва рушди тамосҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ табодули афкор намуданд», — омадааст дар хабари вазорат.

Ҳамучунин дар ин рӯз Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ванг Йи мулоқот карда, масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро баррасӣ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, 24 сентябр инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор  гардидааст.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳоро дар доираи барномаҳои бисёрсолаи индикативӣ баррасӣ намуданд», — гуфта мешавад дар хабар.

Тарафҳо инчунин роҷеъ ба хатару чолишҳои амниятӣ, вазъи кунунии Афғонистон, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

АМИТ«Ховар»