Имсол дар ноҳияи Муъминобод дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ 10 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки иҷрои он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори идораи кишоварзии ноҳия Ҷумахон Сафаров иттилоъ дод.
Бино ба иттилоӣ манбаъ, дар ноҳия аз аввали моҳи феврал то моҳи июн кишти картошка ба таври марҳилавӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар майдони 800 гектар ба анҷом расидааст.
Кишоварзони ноҳия барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини корами обӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, имсол кишти картошкаро то 300 гектар зиёд намудаанд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти картошка идома дошта, тухмиҳои хушсифат низ дастрас гардидааст. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Маҳмадалӣ ҳар сол дар майдони 4 гектар ба таври марҳилавӣ анҷом додани кишти картошка ҳосили фаровон ва даромади хуб ба даст меоранд.
Тавре Ҷумахон Сафаров зикр намуд, дар ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва байни қатори дарахтони боғҳо низ кишти картошка гузарониданд.
АМИТ «Ховар»