Дар Намоиши баҳории ҳунармандӣ ҳунари волои ҳунармандон ба маъраз гузошта шуд

Имрӯз дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Намоиши баҳории ҳунармандӣ  баргузор гардид.  Дар намоиши мазкур зиёда аз  120 нафар ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуда, ҳунари дастии худро ба маъраз гузоштанд.

Тавре намояндагони  Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон иброз доштанд, мақсад аз баргузории  Намоиши баҳории ҳунармандӣ ин муаррифӣ намудани ҳунармандон, ҳунари дасти онҳо ва инчунин муаррифии таърихи бою рангини халқи тоҷик мебошад. Ҳамчунин  ба ин васила ҳунармандон метавонанд дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти хешро ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагияшонро хубтару беҳтар гардонанд.

Тарроҳ Нигина Икромова  аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори хушнудӣ карда, зикр намуд, ки: «Боиси ифтихор аст ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандонро дастгирӣ намуда, соли равонро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намуданд. Ин иқдом ба ҳунармандон имкон медиҳад, ки ҳунари худро боз ҳам сайқал дода, онро ба фуруш бароранд ва сайёҳонро аз таърихи халқу миллати бойи худ огоҳ созанд».

Ба гуфтаи Нигина Икромова   ӯ  то имрӯз ба зиёда аз 200 нафар ҷавондухтарон ҳунар омӯхта, пайваста дар ин гуна намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ иштирок мекунад.

Номбурда ҳоло дар Намоиши баҳории ҳунармандӣ ҳамёнҳои дастӣ, либосҳои бо атлас омодашуда ва сабадҳоро ба намоиш гузоштааст.

Намоиши баҳории ҳунармандӣ  бо ташаббуси   Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкил шуда, он тайи ду рӯз,  аз соати 9:00 то 17:00 идома меёбад.

АМИТ "Ховар"

Tags: