Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ дар Суғд 10 даста ширкат мекунанд

21 январ дар варзишгоҳи «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи муқаддамотии бозиҳо барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин марҳила 10 даста дар як давр ва дар ду гурӯҳ байни ҳам бозӣ намуда, ду дастаи бартар ба марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ роҳхат мегиранд.

Ҷоми ФФТ-2021 

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Суғд

 Гурӯҳи «А»

  1. «Хуҷанд» (Хуҷанд)
  2. «ММФ-Парвоз» (Б. Ғафуров)
  3. «Сирдарё» (Хуҷанд)
  4. «Гулистон» (Гулистон)
  5. «Пахтакор» (Ҷ. Расулов)

 

Гурӯҳи «В» 

  1. «Истаравшан» (Истаравшан)
  2. «ММФ» (Конибодом)
  3. «Эсхата» (Хуҷанд)
  4. «Мастчоҳ» (Мастчоҳ)
  5. «Зарафшон» (Ҷ. Расулов)

Тақвими бозиҳои ду даври аввал

Даври 1

21 январ (панҷшанбе)

10:00 «Сирдарё» — «Гулистон»

14:00 «Мактаби махсуси футбол — Парвоз» — «Пахтакор»

22 январ (ҷумъа)

10:00 «Эсхата» — «Мастчоҳ»

14:00 Мактаби махсуси футболи Конибодом — «Зарафшон»

Даври 2

24 январ (якшанбе)

10:00 «Пахтакор» — «Сирдарё»

14:00 «Хуҷанд» — «Мактаби махсуси футбол — Парвоз»

25 январ (Душанбе)

10:00 «Зарафшон» — «Эсхата»

14:00 «Истаравшан» — Мактаби махсуси футболи Конибодом

АМИТ «Ховар»

Tags: