Дар Лахш дар 6000 гектар картошка мекоранд

Сокинони ноҳияи Лахш барои саҳмгузорӣ дар фаровонгардонии бозори дохилӣ ва арзон гардонидани нархи картошка азм гирифтаанд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  дар майдони 6000 гектар  картошкаи навъи дарозпалаки  «Тоҷикистон-24» кишт намоянд.

Мудири шуъбаи  кишоварзии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки мувофиқи дурнамо дар сохтори кишоварзии ноҳия кишти картошка 4346 гектар мебошад. То имрӯз деҳқонон дар хоҷагиҳои инфиродиву  коллективӣ аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда, дар  3250 гектар картошка кишт намудаанд.

Сокинони ноҳияи Лахш  имсол захираи  пурраи тухмии картошкаро доро буда, танҳо дар сохтори кишоварзӣ 10 407 тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд. Айни замон дар ноҳия  кишти картошка бо маром идома дорад.

Тибқи иттилои  сардори  филиали рақами 11-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш Саидмурод Нозиров, барои  дастгирии рушди соҳаи картошкапарварӣ ба кишоварзони ноҳия ба маблағи 935 ҳазору 500 сомонӣ  қарзҳои имтиёзнок  дода шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: