Дар Кӯлоб машварати «Волидайн алайҳи терроризм» доир гардид

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо намояндагии САҲА дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Волидайн алайҳи терроризм» машварат баргузор намуданд.
Дар машварат намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ташкилоти байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷавонони фаъол, волидайн ва коршиносон иштирок намуда, масъалаҳои пешгирии зуроварӣ дар оила ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистиро муҳокима намуданд.
Коршиносон сабабу омилҳои мусоидаткунанда ва роҳу василаи мубориза бар зидди чунин амалҳои номатлубро ба ҳозирин фаҳмониданд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: