Дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои Хатлон дӯконҳои нави рӯзномафурӯшӣ пайдо мешаванд

Дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дӯконҳои нави рӯзномафурӯшӣ пайдо мешаванд.

Тавре сардори Раёсати давлатии «Почтаи Тоҷик» дар вилояти Хатлон Саидалӣ Мирзоев ба АМИТ Ховар иттилоъ дод, то соли 2025 дар минтақа 50 дӯкони муосир насб хоҳанд шуд, ки дар рафҳои онҳо мисли пештара нашрияҳои чопии ватанию хориҷӣ — рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, китобҳо, инчунин молҳои конселярӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

То ҳол дар Бохтар аллакай чор дӯкон фаъол шудааст. Асосан онҳо дар ҷойҳои серодам барои роҳати шаҳрвандон насб карда мешаванд.

Таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дӯконҳо бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати меъморӣ ва сохтмони вилоят сурат мегирад.

Дар онҳо танҳо кормандони бастии “Почтаи Тоҷик” ҳуқуқи кор кардан доранд.

“Нуқтаҳои фурӯш ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Онҳо аз лиҳози эстетикӣ ва меъморӣ шаҳрро оро медиҳанд”, —  изҳор  дошт Саидалӣ Мирзоев.

АМИТ «Ховар»

Tags: