Дар Қоҳира ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб сурат гирифт

28 ноябр дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бо иштироки  ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳамраиси қисми мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб Саҳар Наср ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мухталиф ва гуногунсамти ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва  фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, электроэнергетика ва энергияи барқароршаванда, гумрук, тандурустӣ, фарҳанг, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, ВАО, коммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, археология, муҳандисӣ ва санъати меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамкорӣ байни палатаҳои савдои ду давлат мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар интиҳои маҷлис Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-и назди  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср «GAFI» дар бораи густариши муносибатҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Арабии Миср ба имзо расонида шуданд.

Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ кори худро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расонид.

АМИТ «Ховар»

Tags: