Дар Қазоқистон хориҷиён то 30 рӯз бе бақайдгирии ҳатмӣ метавонанд будубош кунанд

Дар Қазоқистон бақайдгирии ҳатмӣ барои ҳамаи категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави ин кишвар аз 30 рӯз камтар мемонанд, бекор карда шуд.

 Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ», ки бо  такя ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Қазоқистон  иттилоъ додааст, хабар медиҳад.

Дар ин маврид  Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев қонуни дахлдорро имзо кард, ки  он  пас аз 10 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Акнун ҷониби қабулкунанда (меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои иҷора, муассисаҳои тиббӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ) бояд ба Хадамоти муҳоҷират дар бораи омадани меҳмони хориҷӣ дар тӯли се рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани ӯ  ба кишвар хабар диҳад.

Тартиби огоҳонидани будубоши як шаҳрванди хориҷӣ дар Қазоқистон то ҳадди имкон сода гардонида шудааст. Дар портали раводиди муҳоҷиратии www.vmp.gov.kz  маълумотро дар бораи хориҷиён  ва  ҳангоми зарурат дар бораи фарзандони ӯ  ворид намудан зарур меояд. Дар  варақаи пуркардашуда ба воситаи имзои электронии рақамӣ (ЭЦП)  имзо гузоштан лозим аст. Пас аз 15 дақиқа  санади тайёршуда  ба даст меояд, ки дар ҳисоби шахсии шаҳрванд сабт хоҳад шуд.

Дар ҳолати зиёда аз 30 рӯз  будубош кардани шаҳрванди хориҷӣ дар Қазоқистон, тарафи қабулкунанда вазифадор аст ба меҳмон иҷозати муваққатии истиқомат диҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: