Дар Хуҷанд шуъбаи табобати нурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Дар назди Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи табобати нурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар шуъбаи навтаъсис дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дастрас ва васлу насб шуда, асосан барои ташхис ва табобати бемориҳои саратон пешбинӣ гардидаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, то ин дам беморон барои гирифтани табобати нурӣ ба маркази ҷумҳурӣ ё хориҷи мамлакат мерафтанд. Бо ифтитоҳи шуъба ва дастрасшавии таҷҳизот дар вилоят барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии саратонӣ ба беморон шароит фароҳам омад.

Директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орифов зикр намуд, ки акнун ба беморон муяссар мегардад дар Маркази саратоншиносии вилоят табобати нурӣ гиранд. Шуъбаи мазкур  дорои бист кати хоб буда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам аст. Бо ифтитоҳи шуъбаи табобати нурӣ ба Маркази саратоншиносии вилоят мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шуда, ба беморон дар сатҳи баланди тиббӣ хизмат мерасонанд.

Дар ҷараёни ба истифодадиҳии ин муассисаи тиббӣ  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: