Дар филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ВНМО» семинар баргузор гардид

Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (ФДДМ) дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ВНМО» семинар баргузор гардид. Дар он Ботир Залимов, равоншиноси ташкилоти ҷамъиятии «СПИН Плюс» ва Фирдавс Нарзуллоев, мушовири ташкилоти ҷамъиятии мазкур иштирок намуда, ба донишҷӯён оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ маълумот доданд.
«Мақсади семинар аз иттилои бештар расонидан ба ҷавонон оид ба бемории ВНМО иборат мебошад»,-иброз дошт Робия Қурбонова, сардори шуъбаи тарбияи ФДДМ дар шаҳри Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки 1 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ин рӯз таҷлил мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: