Дар Душанбе самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR баррасӣ гардиданд

21 октябр Роҳбари навтаъйини Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: