Имрӯз, 11 сентябр, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Германия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Андреас Протманн барои иҷрои рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.
АМИТ «Ховар»