Дар Душанбе озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор мегардад

Пагоҳ, 2 август дар «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри  Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор мегардад. Дар озмуни  мазкур нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони  тоҷикӣ, аз қабили нони чаппотӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қалама, ҳалвои сурху сафед ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод  менамоянд. Иштирокдорони озмуни маҳсулоти нонӣ ҳамчунин  ороиши дастурхони намояндагони   минтақаҳои  ҷумҳуриро тамошо карда, ба ҳунари волои кадбонувони тоҷик баҳо дода, аз хӯрдани  нони тоҷикӣ лаззат  мебаранд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  озмуни мазкур  ғолибони даври аввали озмуни 4 ноҳияи шаҳр дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуда, беҳтарин анвои нон ва маҳсулоти нониро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинон менамоянд.

Ҳадафи асосии баргузории ин озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ дар вилоят, шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иборат мебошад.

Озмуни мазкур ҳамчунин бо мақсади  иҷрои банди 27 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.

Синни ғолибони озмун аз 18-сола  боло муқаррар шуда, иштироки мардону занон маҳдуд карда намешавад. Зимни муайян кардани ғолибон ба сифати нон,  маҳсулоти нони миллӣ,  ороиши он бо маҳсулоти гуногун ва дигар шартҳо диқкати махсус дода мешавад.

Ғолибони озмуни мазкур бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 ва ташаббускорону роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар он фаъолона иштирок намуданд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  23 декабри соли 2017 дар  майдони назди Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе  намоиши маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» бо шукӯҳи хосса доир гардид. Дар майдони  намоишгоҳи мазкур 25 адад дегу дегдон барои пухтани нони тоҷикӣ насб гардида, 30 нафар занони кадбону аз тамоми  ҷумҳурӣ (5 нафарӣ аз ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт)  ҳунари нонпазии хешро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: