Дар Душанбе оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа таҳти раёсати Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода сурат гирифт.

Ҷиҳати иҷрои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли равон, ки тибқи он интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷаласаи Комиссия лоиҳаи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар нақшаи мазкур муҳлатҳои ташкили ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ, таъсиси комиссияҳои онҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба марҳилаҳои ҷараёни интихобот пешбинӣ шудаанд.

Чорабиниҳои дар Нақшаи тақвимӣ дарҷёфта хусусияти ташкилӣ ва иттилоотӣ дошта, дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ амалӣ намудани онҳо барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Пас аз муҳокима Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори Комиссия тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори  Комиссия дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68  ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ҳудуд ва шумораи пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо номгузорӣ ва рақамгузорӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: