Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии маҳсулоти эронӣ доир мегардад

Аз 21 то 24 декабр дар  Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегардад.

Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин, таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра маҳсулот пешниҳод менамоянд.

Инчунин илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсолии Эрон тоҷирону сармоягузорони ширкатҳои Эрон ва Тоҷикистон фурсати муносибе барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкории тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва маблағгузории муштарак хоҳанд дошт.

Ёдовар мешавем, ки охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон моҳи маи соли 2017 баргузор шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар он беш аз 20 ширкати эронӣ иштирок намуда буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: