Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» ҷараён дорад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» аз рӯи вазнҳои то 65 кг, 75 кг, 90 кг ва +90 кг ҷамъбаст мегардад. Ғолибони мусобиқаи мазкур  аз  ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шоҳҷоизаҳо — 4 автомашинаи сабукрав, Ҷоми «Пойтахт-2021» ва туҳфаву ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2021 баргузор гардида истодааст.

Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа мазкур тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Ҳадафи асосӣ аз роҳандозӣ намудани ин мусобиқаҳои варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони  пойтахт  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи Аҷам мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба  Иди Наврӯз баргузор намудани  мусобиқаҳои гӯштингирӣ  ва пойгаи аспдавонӣ  дар пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: