Дар Душанбе мавсими интиқоли гармӣ оғоз шуд

Шурӯъ аз 28 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло 350 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

«Дар айни замон корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ дар дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома доранд. Рӯзҳои наздик дар назар аст, ки дегхонаҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ба кор оғоз кунанд»,-илова намуд Нозир Ёдгорӣ.

Бино ба маълумоти манбаъ, имсол 2180 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: