Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории муштараки милитсияи Тоҷикистону Россия баррасӣ гардиданд

Дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии мушовираи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ  хабар дода, зикр намуданд, ки  дар он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев ва аъзои ҳайатҳои ду ҷониб иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни ҳарду вазорат дар самти кофтукови ҷинояткороне, ки аз тафтишот ва суд пинҳон шудаанд, инчунин мукаммал намудани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Рамазон Раҳимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи мушовираи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.
Зимни ҷаласа масъулини ду ҷониб оид ба ҳалли масъалаҳо дар самти кофтукови ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта таклифу пешниҳоди судманд баён дошта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳо дар самти муҳоҷират мубодилаи афкор намуданд.

Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколсев Нақшаи кории вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар соли 2019 тасдиқ ва дар доираи мушовираи якҷояи вазоратҳо қарори дахлдор қабул намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани мушовираи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия васеътар баррасӣ намудани масъалаҳои муҳим, ташкил намудани ҳамкории муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҳамкории дуҷониба, инчунин андешидани чораҳои амалӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳудуди ҳарду давлат мебошад.

АМИТ "Ховар"

Tags: