Дар Душанбе масъалаи тақвият бахшидан ба ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ гардид

Дар шаҳри Душанбе масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории байнипарлумонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаҳои мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони (Лок Сабҳаи) Ҳиндустон Мирзодавлат Сабурзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синх баррасӣ карданд.

Зикр гардид, ки то имрӯз чор даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе ва Деҳлӣ баргузор гардида, барои густариши ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фарҳам оварданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон ибрози назар намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: