Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт доир шуд

3 cентябр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи «Душанбе – Арена» маросими ифтитоҳи марҳилаи 2 Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» баргузор гардид.

Тавре  мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, марҳилаи 2  Фестивал аз 3 то 13 сентябр бо иштироки ғолибони марҳилаи 1 – ум, ки аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ, ибтидоии касбӣ ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе пешниҳод гардидаанд, доир мегардад.

Мақсад аз баргузор намудани Фестивали мазкур, пеш аз ҳама, самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, хусусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.

Марҳилаи ниҳоии Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт аз рӯи 4 намуди варзиш:  футболи хурд, волейбол миёни духтарон, шоҳмот ва гӯштини миллӣ доир шуда,  мусобиқаи футболи хурд дар майдони варзишии «Душанбе – Арена», мусобиқаи волейбол миёни бонувон дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, мусобиқаи шоҳмот дар толори МД «Литсейи Роҳнамо» ва мусобиқаи гӯштини миллӣ дар толори МД «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба таэквандо» (мутобиқи ҷадвали бозиҳо) гузаронида мешаванд.

Ғолибони марҳилаи 2 – юм 15 сентябр муайян шуда, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо диплом, медал ва ҷом сарфароз гардонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: