Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати Созмони кумакҳои башарии Корея «Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ» дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.
дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи он, ки зимни ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ бо он бояд чӣ гуна бархӯрд кунанд, ҳамчунин омодасозии китобчаҳои иттилоърасонӣ ва тақвимҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот бо Сафири тозатаъйини Ҷопон дар Тоҷикистон  Ҳадҷимэ Китаока ҷонибҳо  масъалаҳои имзои Лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон»-ро, ки бояд 7 сентябри соли равон сурат гирад, муҳокима намуданд.
Мулоқоти дигари Р. Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош  17 август сурат гирифт.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси осиёгии вазоратӣ оид ба коҳиши хатари офатҳоро, ки қарор аст тирамоҳи соли равон дар Ҳиндустон баргузор шавад, баррасӣ карданд.
Ҳамчунин масъалаи имзои ҳуҷҷати дигари ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: