Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардиданд

Нақшаи чорабиниҳои Мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2018» тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбехабар доданд,  тибқи қарори  мазкур, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ  мегарданд, дар мавсими таътили тобистонаи соли 2018 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки бо ин мақсад аллакай дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора»  ва  «Орзу»-и ноҳияи Варзоб, инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ оғоз гардида, масъулин   вазифадор гардидаанд,  ки то 20 майи соли равон  иншооти мазкурро барои қабули истироҳаткунандагон  пурра омода намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: