Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон ва Украина баррасӣ гардид

27 август дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории  Тоҷикистон бо Украина гуфтугӯ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии мамлакат ба Сафири нави Украина дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

Ҳамчунин 28 август Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собириро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: