Дар Душанбе иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

9 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Аъзои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2020 аз соати 08:00 то соати 17:00 ва 9 декабри соли 2020 аз соати 07:00 то 13:00 дар шуъбаи ташкилии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-98-35, 221-12-47

АМИТ «Ховар»

Tags: