Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

Ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дирӯз зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ баррасӣ гардид.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба, ки бо рӯҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: