Дар Душанбе доир ба ҳаёт ва фалсафаи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиш доир мешавад

20 октябри соли равон бо ибтикори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаёт ва фалсафаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ таҳти унвони «Мавлавихонӣ ва само» ҳамоиши илмӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Институти мазкур иттилоъ доданд, дар ҳамоиш президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Коксал ва насли 22-юми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Байру Айше Эсин сухан мегӯянд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 12:00 баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.

АМИТ "Ховар"

Tags: