Дар Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз баргузор мегардад

19-20 октябр  дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз  баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, марҳилаи интихобии мусобиқаи мазкур дар сатҳи маҳаллӣ 15 сентябр доир гардида,  дар он  варзишгарони тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.  Марҳилаи  минтақавию вилоятӣ 6 октябр  бо доираи васеи варзишгарони ғолиби даври аввали мусобиқа баргузор гардид.

Дар даври ниҳоӣ варзишгарон аз 8 минтақаи Тоҷикистон миёни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Тибқи  тартиби муқарраргардида, ғолибони даври ниҳоӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ  ворид шуда, имконияти иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.

Бояд гуфт, ки Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи мизро  Пулод Аҳмедов  сардоварӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: