Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баргузор шуд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия) бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Раиси Комиссия аз дигаргуншавии низоми ҷаҳонӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, инчунин аз ҷониби қаллобон зиёд шудани эълонҳои ҳавасмандкунанда ва бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади гирифтани даромади муфт изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки барои пешгирии чунин зуҳурот якҷоя кӯшишу талош намоянд. Таъкид шуд, ки бо дарназардошти бозбинии баъзе тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ва сол то сол зиёд шудани хавфу хатарҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия, дастрасии Департамент ба махзани маълумоти мақомоти давлатӣ, пешгирии амалҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Дар баробари ин, маълумот оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО» аз ҷониби вазорату идораҳои муваззафшуда пешниҳод гардид.

Раиси Комиссия гуфт, ки ҳарчанд мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ дар иҷрои бандҳои Нақшаи мазкур корҳои назаррас анҷом додаанд, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои вобастаи самти худ пайваста чораҷӯӣ намоянд, зеро баҳогузории тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон – баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм солҳои баъдӣ дар назар аст.

Ҳамзамон бо ин гуфта шуд, ки бо дарназардошти қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар таҳрири нав, ки қадами устувор дар таҳкими  ин низом аст, вазорату идораҳои марбута бояд санадҳои зерқонунии худро ба ин қонуни соҳавӣ ҳарчи зудтар мутобиқ намоянд.

Tags: