Дар Душанбе беҳтарин нозирони минтақавии сол муайян гардиданд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол»-ро эълон намуда буд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин маврид қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 апрели соли равон «Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур Комиссияи озмун вобаста ба ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» тасдиқ гардида, Муҳаммадӣ Неъматов, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11, шуъбачаи №2 ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур — ҷойи якум, Фарҳод Эшмаҳмадов, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27, шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 дар ноҳияи Сино — ҷойи дуюм ва Муқимҷон Юсупов, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Ба ғолибони озмун барои ҷойи аввал 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва ҷойи сеюм 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва ба ҳар як ғолиб Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт ба таври тантанавӣ супорида мешавад.

АМИТ "Ховар"