Дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа таълими 12 ихтисоси нав роҳандозӣ мешавад

Бо назардошти беҳтар гардонидани шароити таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар соли хониши нав утоқҳои дарсии донишгоҳ бо 140 компютер ва 20 тахтаи электронӣ таъмин карда мешаванд.
Тавре ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Муҳаммад Шодиён ба хабарнигорон иттилоъ дод, инчунин дар назди факултаи физика озмоишгоҳи илмӣ кушода мешавад. соли хониши 2016 донишҷӯён аз рӯи 10 ихтисоси нав таълим мегирифтанд. Имсол дар донишгоҳ боз ба таври илова аз рӯи 12 ихтисоси нав илмомӯзӣ ба роҳ монда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: