Дар Боку масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

5 ноябр дар Боку мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо кафили Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Анар Каримов баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, ташкили сафарҳои ҳунарӣ, ба намоиш гузоштани балет ва барномаҳои консертии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: