Дар Бохтар мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот баргузор гардиданд

Дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Бохтар барномаи муштараки фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020» дар  сатҳи баланд  баргузор  гардид. Дар ин бора  аз   Вазорати корҳои дохилӣ ба   мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қабл аз оғози маросим  даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот байни ҷавонони шаҳри Бохтар, ки тайи ҳафтаи охир идома доштанд, ҷамъбаст гардиданд.

Дар мусобиқаи футболи хурд 19 дастаи муассисаҳои варзишӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷ ва техникумҳои шаҳри Бохтар ширкат варзиданд. Дар даври ниҳоии бозиҳо дастаҳои МТМУ №3 ва Коллеҷи тиббӣ байни ҳам рақобат намуда, бозингарони МТМУ № 3 бо ҷидду ҷаҳд тавонистанд ҳарифи худро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохта, ғолиби мусобиқа гарданд.

Ҳамин тавр, ҷойи аввалро МТМУ № 3, ҷойи дуюмро Коллеҷи тиббӣ ва мақоми сеюмро Литсейи №1 ишғол намуданд. Дар мусобиқаҳои тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот 10-дастаӣ бо теъдоди 5-нафарӣ қувваозмоӣ намуда, ғолибони он муайян гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: