Дар «Боғи Ғалаба»-и Минск Гулгашти дӯстии давлатҳои узви ИДМ бунёд мешавад

Баҳори соли 2020 ба муносибати таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Минск ба таъсиси Гулгашти дӯстии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил санги асос гузошта мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Масъалаи таъсис додани гулгашт аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Молдава дар назди мақомоти  низомномавӣ  ва дигар ташкилоти ИДМ  Виктор Сорочан пешниҳод ва аз тарафи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти низомномавӣ  ва дигар ташкилоти ИДМ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Барои бомуваффақият амалӣ намудани пешниҳоди мазкур кумитаи тадорукот таъсис дода шуд, ки  13 феврал дар қароргоҳи ИДМ лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба маросими ботантана гузоштани санги асоси гулгаштро баррасӣ намуд.

Гулгашти дӯстӣ рамзе намунаи муносибати дӯстона ва муттаҳидии халқҳои давлатҳои  Иттиҳод, хотирае аз Ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нишонае аз шахсоне, ки мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муваззафанд барои сулҳу оромӣ аз онҳо сипосгузор бошанд, хоҳад буд.

Бунёди Гулгашти дӯстӣ дар Минск дар арафаи таҷлили 75-солагии Ғалаба дорои рамзи махсус аст. Зеро Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Ғалаба бар он ҳамаи давлатҳои узви ИДМ саҳмгузоранд, маҳз дар сарзамини Беларус оғоз гаридидааст.

Соли 2020 дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон гардидааст. Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ нақшаи чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва таҷлили солгарди Ғалабаро тасдиқ намудааст. Баргузории зиёда аз 70 чорабинии муштарак, ки дар ҳамаи давлатҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст, дар доираи нақшаи зикршуда сарут мегирад.

АМИТ «Ховар»

Tags: